Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Закот додан ба падару модар ба ҷои нафақа ҷоиз нест

26-01-2026

Савол 20173

Ман мехоҳам закоти моламро ба падару модарам диҳам, зеро падарам кор намекунад, ба синни пирӣ расидааст ва дигар қудрати кор кардан надорад. Ӯ чаҳор фарзанд дорад, ки ҳанӯз ҳам онҳоро сарпарастӣ ва нигоҳубин мекунад; яке аз онҳо маъюб буда, 30-сола мебошад. Оё барои ман ҷоиз аст, ки закоти моламро ба ӯ ё ба хоҳарам бидиҳам, дар ҳоле ки онҳо як хонаводаи бисёр камбизоат ҳастанд?

Матни ҷавоб

Ин савол аз ду бахш иборат аст:

Бахши аввал: Ҳукми закот додан ба падару модар.

Шайх Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
"Барои мусалмон ҷоиз нест, ки закоти худро ба падару модар ё фарзандонаш бидиҳад; балки агар онҳо ниёзманд бошанд ва ӯ қудрати молӣ дошта бошад, бар ӯ воҷиб аст, ки онҳоро аз моли худ таъмин намояд".
Аз китоби "Ал-Фатово-л-ҷомиъа", ҷилди 1, саҳ. 306

Бахши дувум: Закот додан ба бародарон. Ба саволи рақами 21810 муроҷиат карда шавад.

Масрафҳои закот
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб