Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Бозгашт ба Ислом пас аз саргардонӣ

27-08-2026

Савол 1490

Падарбузургу модарбузурги ман мусулмонанд. Падару модарам низ худро мусулмон меҳисобанд, аммо баъзан намоз мехонанду рӯза мегиранд ва ба тамоми таълимоти Ислом амал намекунанд. Ман бошам, бо кӯмаки модарбузургам омӯзиши намоз ва таълимоти Исломро оғоз кардам ва ин нахустин моҳи Рамазон аст, ки дар он рӯза медорам.

Дар гузашта гуноҳони зиёде содир кардаам. Оё Аллоҳ таъоло гуноҳҳои содиркардаамро меомурзад?

Матни ҷавоб

Ҳар кас тавба кунад, Аллоҳ тавбаи ӯро мепазирад ва ҳар кас ба Аллоҳ наздик шавад, Аллоҳ низ ба ӯ наздик мегардад. Пас, эй хоҳари мусулмон, модоме ки ҳидоят ёфтаӣ, ба дин бозгаштаӣ ва ба сӯи Аллоҳ рӯ овардаӣ, пас ба пазируфта шудани тавбаат ва омурзиши Аллоҳ хушбин бош.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَإِنِّي لَغَفَّارٌ لِمَنْ تَابَ وَآمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا ثُمَّ اهْتَدَى

سورة طه: ٨٢

«Ва ба ростӣ, Ман бисёр омурзандаи касе ҳастам, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад ва сипас ҳидоят ёбад».   (Сураи Тоҳо: 82).

Тавба
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб