Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Ҳукми пешоб кардан дар ҳолати истода

07-08-2026

Савол 14629

Оё барои инсон ҷоиз аст, ки ростистода пешоб кунад, ба шарте ки ба бадан ва либосаш қатрае аз пешоб нарасад?

Матни ҷавоб

Пешоб кардан дар ҳолати истода ҳеҷ ишколе надорад, бахусус агар зарурате ба он бошад, ба шарте ки ҷой пӯшида бошад, то касе аврати пешобкунандаро набинад ва ягон қатрае аз қатраҳои пешоб ба ӯ нарасад.
Зеро аз Ҳузайфа (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) собит шудааст, ки мегӯяд: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) назди партовгоҳи қавме омад ва дар ҳолати истода пешоб кард».   Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим ривоят кардаанд.

Бо вуҷуди ин, беҳтар он аст, ки шахс нишаста пешоб кунад, зеро аксари вақт паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳамин тавр амал мекард. Илова бар ин, ин ҳолат барои пӯшидатар нигоҳ доштани аврат муносибтар буда, аз расидани қатраҳои пешоб ба бадан ё либос бештар пешгирӣ мекунад.

Қазои ҳоҷат
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб