Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман дар ҳоли тарки масеҳият ва гаравидан ба Ислом қарор дорам. (Яъне ман ба зудӣ дини насрониро тарк намуда, ба дини Ислом мегузарам). Ман нӯҳ сол боз бевазан ҳастам. Ман як писари 14-сола ва як духтари 11-сола дорам. Ман медонам, ки (барои ворид шудан ба дини Ислом) бояд "шаҳодатайн"-ро бихонам. Оё барои писару духтарам низ зарур аст, ки "шаҳодатайн"-ро бихонанд?
Гуфтани "Шаҳодатайн" шартест барои дохил шудан ба дини Ислом. Аммо касе ки аз падару модари мусалмон ба дунё омадааст, зарур нест, ки "Шаҳодатайн"-ро ба забон оварад, зеро ӯ ҳукман мусалмон ҳисобида мешавад, магар он ки амалеро анҷом бидиҳад, ки Исломро ботил гардонад.
Аммо касе ки аз падару модари ғайримусалмон ба дунё омадааст, ӯ низ бояд мисли падару модараш "Шаҳодатайн"-ро бихонад.