Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Оё метавонад закоташро ба тағои қарздораш бидиҳад? Ва оё бояд ба ӯ бигӯяд, ки ин закот аст?

24-11-2025

Савол 13937

Ман дар бонк пасандоз дорам, ки вақти закоташ фаро расидааст. Тағоям қарздор аст, ки ӯ наметавонад қарзҳояшро баргардонад. Оё бароям ҷоиз аст, ки закотамро ба ӯ бидиҳам, то қарзашро пардозад? Оё ман метавонам ба ӯ закот бидиҳам?

Саволи дувум: Оё бароям ҷоиз аст, ки ба ӯ закот бидиҳам ва ба ӯ нагӯям, ки ин закот аст?

Матни ҷавоб

Агар тағоят он қадар камбағал бошад, ки аз мустаҳиққони закот бошад, пас ҳеҷ боке нест, ки закоти молатро, ё бахше аз онро, ба ӯ бидиҳӣ. Дар ин ҳолат шарт нест, ки ба ӯ бигӯӣ, ки ин закот аст. Аммо агар ту ба ҳолати ӯ маълумоти дақиқ надошта бошӣ (ва намедонӣ, ки ӯ аз мустаҳиққони закот аст ё не), дар ин ҳолат, ба ӯ бигӯӣ, ки ин закот аст, то он ки агар ӯ аз мустаҳиққони он набошад, аз гирифтанӣ он парҳезгорӣ кунад.

Масрафҳои закот
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб