Support IslamQA

Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.

Манъи адои намоз ҳангоми тулӯъ ва ғуруби офтоб

04-11-2026

Савол 12485

Агар мусулмон ҳангоми тулӯъ ё ғуруби офтоб намоз гузорад, ин амали ӯ ба намоз гузоштан миёни ду шохи шайтон монандӣ дорад. Дар ин ду вақт намоз хондан ҷоиз нест. Илова бар ин, гуфта мешавад, ки маҳз дар ҳамин ду вақт ҷинҳо барои шайтон намоз мегузоранд. Оё ин ҳадиси саҳеҳ аст?

Матни ҷавоб

Бале, дар "Саҳиҳ"-и Бухорӣ (581) ва "Саҳиҳ"-и Муслим (831) аз хондани намоз пас аз намози бомдод то тулӯи офтоб ва ба андозаи як найза баланд шудани он, инчунин аз хондани намоз дар вақти завол (қиём)-и офтоб дар ними рӯз ва аз хондани намоз пас аз намози аср то ғуруби офтоб наҳй (манъ) омадааст.

Ва паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки офтоб байни ду шохи шайтон тулӯъ ва ғуруб мекунад ва кофирон дар ҳамин вақт ба он саҷда мекунанд.

Шайх Саъд Ал-Ҳумайд

Дар ҳадис ҳеҷ ишорае нашудааст, ки ҷинҳо дар ин вақт барои шайтонҳо намоз мегузоранд. Балки шайтонҳо худ аз ҷумлаи ҷинҳои саркаш ва нофармон мебошанд.

Намоз
Намоиш дар сомонаи Ислом савол ва ҷавоб