Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Ман духтари 16-сола ҳастам. Ҷавоне, ки ба динаш пойбанд аст ва дар яке аз масҷидҳо вазифаи муаззинро иҷро мекунад, ба хостгории ман омадааст. Аммо ман ба издивоҷ бо ӯ майле надорам, зеро ӯро дӯст намедорам; ҳатто пеш аз хостгорӣ низ нисбат ба ӯ кароҳат доштам. Оё рад кардан ва напазируфтани ин ҷавон барои ман гуноҳ ба ҳисоб меравад, бо вуҷуди он ки ӯ аз ҷумлаи касонест, ки динаш писандида дониста мешавад?
"Агар ту ба издивоҷ бо шахсе майл надошта бошӣ, бар ту ҳеҷ гуноҳе нест, ҳатто агар ӯ инсони солеҳ ҳам бошад. Зеро издивоҷ бар асоси интихоби ҳамсари солеҳ ҳамроҳ бо оромиши равонӣ нисбат ба ӯ бунёд меёбад.
Аммо агар ту ӯро ба сабаби динаш бад бинӣ, дар ин сурат гунаҳкор мешавӣ, чун ин ба маънои бад дидани мӯъмин аст, дар ҳоле ки дӯст доштани мӯъмин ба хотири Аллоҳ воҷиб мебошад. Бо вуҷуди ин, дӯст доштани ӯ аз ҷиҳати динӣ туро муваззаф намекунад, ки ҳатман бо ӯ издивоҷ намоӣ, то даме ки аз лиҳози равонӣ (ва нафсӣ) ба ӯ майл пайдо накунӣ. Аллоҳ донотар аст".
Шайхи фозил, Солеҳ ибни Фавзон Ал-Фавзон (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад)
"Ал-Мунтақо мин фатово"-и Шайх Солеҳ Ал-Фавзон (3/226).