Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Бародари ман кор мекунад ва маош мегирад, аммо бар дӯши ӯ маблағи калонест, ки бояд онро пардохт намояд. Оё барои ман ҷоиз аст, ки аз закоти молам ба ӯ бидиҳам?
Агар бародарат қарздор бошад ва маоши ӯ барои таъмини рӯзгори худ ва пардохти он маблағ басанда набошад, инчунин ӯ аз аҳли намоз бошад ва молро дар корҳое, ки писанди Аллоҳ нест, сарф накунад, пас ҳеҷ монеае нест, ки ба ӯ аз закоти молат бидиҳӣ.
Шайх Саъд Ал-Ҳумайд.
Зеро ӯ ба гурӯҳе дохил мешавад, ки Аллоҳ таъоло онҳоро дар қатори мустаҳиққони закот зикр кардааст:
وَالْغَارِمِينَ
سورة التوبة: ٦٠
«... ва қарздорон ...». (Сураи Тавба: 60).
Аммо агар қарзи ӯ аз сабаби кори ҳаром, монанди рибо ё қимор бошад, пас қарзи ӯро напардоз, то он даме, ки ба сӯи Аллоҳ таъоло тавба накунад.