Please contribute generously in order to ensure the continuity of our website InshaAllah.
Шахсе ба бемории музмин гирифтор шуда буд ва табибон ба ӯ тавсия доданд, ки ҳеҷ гоҳ рӯза нагирад. Сипас ӯ ба табибони дигар дар кишвари дигар муроҷиат намуд ва бо иҷозати Аллоҳ пас аз панҷ сол шифо ёфт. Дар ин муддат панҷ моҳи Рамазон бар ӯ гузаштааст ва онҳоро рӯза нагирифтааст. Пас аз он ки Аллоҳ ӯро шифо бахшид, чӣ бояд кунад? Оё бояд қазои он рӯзаҳоро анҷом бидиҳад ё не?
"Агар табибоне, ки ба ӯ маслиҳат додаанд, мусалмонони боэътимод ва огоҳ аз навъи ин беморӣ бошанд ва ба ӯ гуфта бошанд, ки умеди шифо вуҷуд надорад, пас бар ӯ қазои он рӯзҳо воҷиб нест ва танҳо таом додани мискин кофист ва бар ӯ лозим аст, ки дар оянда рӯза бигирад". Поёни сухан.
Ҷаноби Шайх Абдулазиз ибни Боз (Аллоҳ ӯро раҳм кунад).
"Маҷмуъу фатово ва мақолотун мутанаввиъа" (15 / 354–355).